Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
В-агар душмане омадастат падид,
Ки тимору ранҷаш набояд кашид,
Ман инак ба ҳар кор ёри туам.
Чу ҷанг оварӣ, моядори туам.
2145 Вар эдун, ки наздики Афросиёб
Туро тира гаштаст бар хира об,
Ба гуфтори марди дурўғозмой,
Касе бар ту аз ту гирифтаст ҷой,
Ҳама рози ин кор бо ман биҷўй,
Ки ман бошамат з-ин ғамон чораҷўй.
Биёям, ҳама кор некў кунам,
Ҳамон шораро з-он беоҳу кунам».
Бад-ў гуфт Гарсеваз:«Эй номдор,
Маро ин сухан нест бо шаҳрёр.
2150 На аз душмане омадастам ба ранҷ,
Ки аз чора дурам ба мардиву ганҷ,
Чаро оварад бар ту ранҷу миҳан,
Шуморад туро кеҳтар аз хештан?
Зи гавҳар маро дар дил андеша хост,
Ки ёд омадам он суханҳои рост.
Нахустин зи Тур андаромад бадӣ,
Ки бархост з-ў фарраи эзадӣ.
Шунидӣ, ки бо Эраҷи камсухун
Ба оғози кина чӣ афканд бун?
Зи кори Манучеҳру Афросиёб
Шудаст оташ Эрону Турон чу об.
2155 Ба як ҷой ҳаргиз наёмехтанд,
Зи банди хирад дур бигрехтанд.
Сипаҳдори Турон аз он бадтар аст,
Кунун гови беша ба чарм-андар аст.
Надонӣ ту хўи бадаш бегумон,
Бимон, то барояд бар ин-бар замон.
Нахустин зи Ағрирас андоза гир,
Ки бар дасти ў кушта шуд хир-хир.
Бародар зи як колбад буду пушт,
Чунон бехирад бегунаҳро бикушт.
2160 В-аз он пас басе номвар бегуноҳ
Бигаштанд бар дасти ў бас табоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё