Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Маро з-ин сухан вижа андўҳи туст,
Ки бедордил бошиву тандуруст.

Ту то омадастӣ бар ин буму бар,
Касеро наёмад зи ту бад ба сар.

Ҳама мардумӣ ҷустиву ростӣ,
Ҷаҳоне ба дониш биёростӣ

Кунун хира оҳармани дилгусил
Варо аз ту кардаст пурдоғ дил.

2165 Диле дорад аз ту пур аз дарду кин,
Надонам, чӣ хоҳад ҷаҳонофарин.

Ту донӣ, ки ман дўстдори туам,
Ба ҳар неку бад вижа ёри туам.

Набояд, ки фардо гумоне барӣ,
Ки ман будам огаҳ аз ин доварӣ.

Бикардам туро огаҳ аз кори шоҳ,
Маро бошад аз ин нуҳуфтан гуноҳ».

Сиёвуш бад-ў гуфт: «М-андеш аз ин,
Ки ёр аст бо ман ҷаҳонофарин.

2170 Сипаҳбад ҷуз ин карда будам умед,
Ки бар ман шаб орад ба рўзи сапед.

Гар озор будиш дар дил зи ман,
Сарам бар наафрохтӣ з-анҷуман.

Надодӣ ба ман кишвару тоҷу гоҳ,
Бару буму фарзанду ганҷу сипоҳ.

Кунун бо ту оям ба даргоҳи ўй,
Дурахшон кунам тирагун моҳи ўй.

Ҳар он ҷо, ки равшан шавад ростӣ,
Фурўғи дурўғ оварад костӣ,

2175 Намоям диламро ба Афросиёб
Дурахшонтар аз бар сипеҳр офтоб,

Ту дилро бад-ў шодмона мадор,
Равонро ба бад дар гумона мадор.

Касе к-ў дами аждаҳо биспарад,
Зи рои ҷаҳонофарин бугзарад».

Бад-ў гуфт Гарсеваз: «Эй меҳрубон,
Ту ўро бад-он сон, ки дидӣ, мадон.

Ва дигар ба ҷое, ки гардонсипеҳр
Шавад тунду чин андарорад ба чеҳр,

2180 Хирадманди доно надонад фусун,
Ки аз чанбари ў сар орад бурун.

Бад-ин донишу ин дили хушманд,
Бад-ин бурзу болову рои баланд

пешина
аз 234
навбатӣ