Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи бими Сиёвуш саворони ҷанг
Гирифтанд орому ҳушу диранг.

Чу з-он гуна диданд эрониён,
Бигуфтанд, к-эй шаҳрёри ҷаҳон,

Чаро хира бояд, ки моро кушанд,
Чу куштанд, бар рўи ҳомун кашанд?

Бимон, то аз эрониён дастбурд
Бубинанду машмар ту ин кор хурд.

2355 Сиёвуш чунин гуфт, к-ин рой нест,
Ҳамон ҷангро мояву ҷой нест.

Ба гавҳар бар он рўз нанг оварам,
Ки ман пеши шаҳ ҳадя ҷанг оварам.

Маро чархи гардон агар бегуноҳ
Ба дасти бадон кард хоҳад табоҳ,

Ба мардӣ маро рўзи оҳанг нест,
Ки бо кирдгори ҷаҳон ҷанг нест.

Чӣ гуфт он хирадманди борою ҳуш,
Ки бо ахтари бад ба мардӣ макўш.

2360 Чунин гуфт аз пас ба Афросиёб,
Ки «Эй пурҳунар шоҳи боҷоҳу об,

Чаро ҷангҷуй омадӣ бо сипоҳ,
Чаро кушт хоҳӣ маро бегуноҳ?

Сипоҳи ду кишвар пур аз кин кунӣ,
Замону замин пур зи нафрин кунӣ».

Чунин гуфт Гарсевази камхирад,
Зи ту ин суханҳо кай андархурад.

Гар эдар чунин бегуноҳ омадӣ,
Чаро бо зиреҳ назди шоҳ омадӣ?

2365 Пазира шудан з-ин нишон роҳ нест,
Камону зиреҳ ҳадяи шоҳ нест.

Сиёвуш чу бишнид гуфтори ўй,
Бад-ў гуфт, к-«Эй нокаси зиштхўй,

Ба гуфтори ту хира гаштам зи роҳ,
Ту гуфтӣ, ки озурда гаштаст шоҳ.

Ҳазорон сари мардуми бегуноҳ
Бад-ин гуфти ту гашт хоҳад табоҳ.

пешина
аз 234
навбатӣ