Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ту з-ин карда фарҷом кайфар барӣ,
Зи тухме куҷо киштаӣ, бидравӣ».
2370 В-аз он пас чунин гуфт, к-«Эй шаҳрёр,
Ба тезӣ мадор оташ андар канор.
На бозист ин хуни ман рехтан,
Або бегуноҳон баровехтан.
Ба гуфтори Гарсевази баднажод
Мадеҳ шаҳри Турону худро ба бод!»
Нигаҳ кард Гарсевази рангкор
Зи гуфти Сиёвахш бо шаҳрёр.
Барошуфту гуфт: «Эй сипаҳбад, чӣ буд?
Ба душман чаро гуфту бояд шунуд?»
2375 Чу гуфтори Гарсеваз Афросиёб
Шуниду баромад баланд офтоб,
Ба лашкар бифармуд, то теғи тез
Кашанду хурўшанд чун растахез.
Сиёвахш аз баҳри паймон, ки баст,
Сўи теғу найза наёзид даст.
Нафармуд касро зи ёрони хеш,
Ки орад яке пой дар ҷанг пеш.
Бадандеш Афросиёби дижам
Ҳаме кард бар шоҳи Эрон ситам.
2380 Ҳаме гуфт яксар ба ҳанҷар диҳед,
Бар ин дашт киштӣ ба хун барниҳед.
Аз эронсипаҳ буд марде ҳазор,
Ҳама номдор аз дари корзор,
Ҳама кушта гаштанд бар дашти кин
Зи хуншон ҳама лолагун шуд замин.
Чу разми ялон сахт пайваста шуд,
Сиёвуш ба ҷанг-андарун хаста шуд.
Ба тиру ба найза бишуд хаста шоҳ,
Нагун андаромад зи пушти сипоҳ,
2385 Ҳаме гашт бар хоки тира чу маст,
Гурўи Зиреҳ дасти ўро бубаст.
Ниҳоданд бар гарданаш полаҳанг,
Ду даст аз паси пушт баста чу санг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё