Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Сиёвуш бад-ў гуфт: «Падруд бош,
Ҷаҳон тору ту ҷовидон пуд бош!
Дуруде зи ман сўи Пирон расон,
Бигўяш, ки гетӣ дигар шуд ба сон.
2500 Зи Пирон на з-ин гуна будам умед,
Ҳаме панди ў бод шуд ман чу бед.
Маро гуфта буд ў, ки бо сад ҳазор
Зиреҳдору баргустувонвар савор,
Чу баргардадат рўз, ёри туам.
Ба гоҳи чаро марғзори туам.
Кунун пеши Гарсеваз эдар дамон
Пиёда чунин хору тира равон.
Набинам ҳаме ёр бо ман касе,
Ки бихрўшадӣ зор бар ман басе».
2505 Чу аз шаҳр в-аз лашкар андаргузашт,
Кашонаш бибурданд баста ба дашт.
Зи Гарсеваз он ханҷари обгун
Гурўи Зиреҳ бистад аз баҳри хун.
Пиёда ҳаме бурд мўяш кашон,
Чу омад бад-он ҷойгоҳи нишон,
Ки он рўз афканда буданд тир
Сиёвушу Гарсевази шергир.
Чу пеши нишона фароз омад ўй,
Гурўи Зиреҳ - он бади зиштхўй
2510 Бияфканд пили жиёнро ба хок,
На шарм омадаш з-он сипаҳбад, на бок.
Яке ташт бинҳод заррин Гурўй,
Бупечид чун гўсфандон-ш рўй.
Ҷудо кард аз сарви симин сараш,
Ҳаме рафт дар ташт хун аз бараш.
Куҷо он ки фармуда буд, ташти хун
Гурўи Зиреҳ бурду кардаш нагун.
Гиёҳе баромад ҳамон гаҳ зи хун
Бад-он ҷо, ки он ташт шуд сарнагун.
2515 Гиёро диҳам ман кунунат нишон,
Ки хонӣ ҳаме Хуни Исёвушон.
Чу аз сарвбун дур гашт офтоб,
Сари шаҳрёр андаромад ба хоб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё