Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чӣ хобе, ки чандин замон баргузашт,
Наҷунбид ҳаргиз, на бедор гашт.
Яке бод бо тира гарди сиёҳ
Баромад, ки пўшид хуршеду моҳ.
Касе якдигарро надиданд рўй,
Гирифтанд нафрин ҳама бар Гурўй.
2520 Чу аз шоҳ шуд тахти шоҳӣ тиҳӣ,
На хуршед бодо, на сарви саҳӣ!
Чапу рост ҳар сў битобам ҳаме,
Сару пои гетӣ наёбам ҳаме.
Яке бад кунад, нек пеш оядаш,
Ҷаҳон бандаву бахт хеш оядаш.
Яке ҷуз ба некӣ замин наспарад,
Ҳаме аз нажандӣ фурў пажмурад.
Мадор эч тимор бо ҷон ба ҳам,
Ба гетӣ макун ҷовидон дил дижам,
2525 Ки нопойдор асту носозгор,
Чунин буд, то буд ин рўзгор.
Яке дон аз ў ҳар чи ояд ҳаме,
Чу ҷовид бо ту напояд ҳаме.
Зи кохи Сиёвуш баромад хурўш,
Ҷаҳоне зи Гарсеваз омад ба ҷўш.
Ҳама бандагон мўй карданд боз,
Фарангис мушкин каманди дароз
Биканду миёнро ба гесў бубаст,
Ба нохун гули арғавонро бихаст.
2530 Ба овоз бар ҷони Афросиёб
Ҳамекард нафрин, ҳамерехт об.
Сари моҳрўён гусиста каманд,
Харошида рўю бимонда нажанд.
Хурўшаш ба гўши сипаҳбад расид,
Чунон нолаи зору нафрин шунид,
Ба Гарсевази бадниҳон шоҳ гуфт,
Ки ўро бурун оваред аз нуҳуфт.
Зи парда ба гесў баредаш кашон
Бари рўзбонону мардумкушон.
2535 Бигў то бигиранд мўи сараш,
Бидарранд бар тан ҳаме чодараш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё