Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Беозор бурдаш ба шаҳри Хутан,
Хурўшон ҳама даргаҳу анҷуман.
Чу омад ба айвон, ба Гулшаҳр гуфт,
Ки «Ин хубрухро бибояд нуҳуфт.
Бад-он,то аз ў шоҳ гардад ҷудо,
Пас он гаҳ бисозам яке кимиё.
Ҳаме бош пешаш парасторвор,
Бубин, то чӣ бозӣ кунад рўзгор».
2595 Бар он низ бугзашт якчанд гоҳ,
Гарон шуд зи кўдак Фарангисмоҳ.
Андар зодани Кайхусрав
Шаби тирагун, моҳ пинҳон шуда,
Ба хоб-андарун мурғу домудада.
Чунон дид солор Пирон ба хоб,
Ки шамъе барафрўхта з-офтоб,
Сиёвахш бар тахту теғе ба даст,
Ба овоз гуфтӣ, нашояд нишаст.
Аз ин хоби нўшин сар озод кун,
Зи фарҷоми гетӣ яке ёд кун.
2600 Ки рўзи навоину ҷашни нав аст,
Шаби зодани шоҳ Кайхусрав аст.
Сипаҳбад бупечид дар хоби х(в)аш,
Биҷунбид Гулшаҳри хуршедфаш.
Бад-ў гуфт Пирон, ки «Хезу бирав,
Хирадманд, пеши Фарангис шав!
Сиёвахшро дидам ин дамба хоб,
Дурахшонтар аз моҳ в-аз офтоб».
Ки гуфтӣ маро: «Чанд хуспӣ? Мапой,
Ба ҷашни ҷаҳондор Кайхусрав ой!»
2605 Давон рафт Гулшаҳр то пеши моҳ,
Ҷудо гашта дид аз бари моҳ шоҳ.
Бидиду ба шодӣ сабук боз гашт,
Ҳама кох аз ў пур зи овоз гашт.
Биёмад, ба солор Пирон бигуфт,
Ки «Гўӣ, ки бо моҳ шуд шоҳ ҷуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё