Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ба ганҷ-андарун он чи буд номдор
Гузиданд зарбафти чинӣ ҳазор.
Забарҷад табақҳову пирўза ҷом
Пур аз нофаи мушку пур уди хом.
Ду афсар пур аз гавҳари шоҳвор,
Ду ёра яке тавқу ду гўшвор.
Зи густарданиҳо шутурвор шаст,
Зи зарбафт пўшиданиҳо се даст,
Ҳама пайкараш сурх карда ба зар,
Бар ў бофта чанд гуна гуҳар.
Зи симину заррин шутурвор сӣ
Табақҳову аз ҷомаи порсӣ.
Яке тахти заррину курсӣ чаҳор,
Се наълайни заррин забарҷаднигор
1630 Парастор бо ҷоми заррин дувист
Ту гуфтӣ ба айвон-дарун ҷой нест.
Парастанда сесад ба заррин кулоҳ,
Зи хешони наздик сад некхоҳ.
Ҳаме сад табақ мушку сад заъфарон.
Ҳаме рафт Гулшаҳр бо хоҳарон.
Ба заррин иморӣ ба дебо ҷулайл
Бирафтанд бо хоста хайл-хайл.
Биёвард бону зи баҳри нисор
Зи динор бо хештан сад ҳазор.
1635 Ба назди Фарангис бурданд чиз,
Забонҳо пур аз офарин буд низ.
Заминро бибўсид Гулшаҳру гуфт,
Ки «Хуршедро гашт ноҳид ҷуфт».
В-аз он рўй Пирону Афросиёб
Зи баҳри Сиёвуш ҳама пуршитоб
Бидоданд духтар ба оини хеш,
Чунон чун бувад дархури дини хеш,
Ба пайвастагӣ-бар гуво сохтанд,
Чу з-ин шарту паймон бипардохтанд,
1640 Паёме фиристод Пирон чу дуд
Ба Гулшаҳр то зӣ Фарангис зуд
Шавад, то расонад сўи шоҳзод
Бигуфт он замон бо Фарангис шод:
«Бубояд ҳам имшаб шудан назди шоҳ,
Биёростан гоҳи ўро ба моҳ».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё