Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме гуфту зудаш биёростанд,
Сари мушк бар гул биперостанд,

Биёмад Фарангис чун моҳи нав
Ба наздики он тоҷвар шоҳи нав.

1645 Бибуданд бо якдигар шодмон,
Фузудӣ ҳаме ҳар замон меҳрашон.

Ба як ҳафта мурғону моҳӣ нахуфт,
Наёмад сари як тан андар нуҳуфт.

Замин боғ гашт аз карон то карон
Зи шодиву овози ромишгарон.

Кишваре додани Афросиёб Сиёвушро

Бар ин кор бигзашт як ҳафта низ
Сипаҳбад биёрост бисёр чиз:

Зи аспони тозиву аз гўсфанд,
Ҳам аз ҷавшану хўду гурзу каманд,

1650 Зи динор в-аз бадраҳои дирам,
Зи пўшиданиҳову аз бешу кам.

В-аз он марз то пеши дарёи Чин
Ҳама ном бурданд шаҳру замин.

Ба фарсанг сад буд болои ўй,
Нашоист паймуд паҳнои ўй,

Навиштанд маншур бар парниён,
Ҳама подшоҳӣ ба расми каён.

Ба кохи Сиёвуш фиристод шоҳ,
Або тахти заррину заррин кулоҳ.

1655 В-аз он пас биёрост айвони сур,
Ҳар он кас, ки рафтӣ зи наздику дур,

Маю хону холигарон ёфтӣ,
Бихўрдиву чандон, ки бартофтӣ,

Бибурдиву рафтӣ сўи хони хеш,
Будӣ шод як ҳафта меҳмони хеш.

Дари бастазиндонҳо баркушод,
Аз ў шодмон бахту ў низ шод.

пешина
аз 234
навбатӣ