Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Супурдани Пирон Кайхусравро
ба шубонон
Шубонони кўҳи Қулуро бихонд,
В-аз он шоҳзода суханҳо биронд.
Бад-эшон супурд он дилу дидаро,
Чунон нек пури писандидаро.
Ки «Инро бидоред чун ҷони пок,
Набояд, ки бинад варо боду хок.
2645 Мабодо, ки танг ояд аз рўзгор,
Агар дидаву дил кунад хостор».
Бигуфтанд яксар, ки «Фармон барем,
Зи фармони ту як замон нагзарем».
Сазошон бубахшид бисёр чиз,
Яке доя бо вай фиристод низ.
Ниҳоданд ангушт бар чашму сар,
Бибурданд бар кўҳ он тоҷвар.
Бад-ин низ бугзашт чанде, сипеҳр
Ба Хусрав-бар аз меҳр бикшод чеҳр.
2650 Чу шуд ҳафтсола гави сарфароз,
Ҳунар бо нажодаш ҳаме гуфт роз.
Зи чўбе камон кард в-аз рўда зеҳ,
Зи ҳар сў барафканда бар зеҳ гиреҳ.
Абе парру пайкон яке тир кард,
Ба дашт-андар оҳанги нахчир кард.
Чу даҳсола шуд, гашт гурде сутург,
Ба ҷанги гуроз омаду разми гург.
В-аз он ҷойгаҳ шуд ба шеру паланг,
Ҳамон чўби хаммидаашсози ҷанг.
2655 Чунин то баромад бар ин рўзгор,
Биёмад ба фармони омўзгор.
Шубон андаромад зи кўҳу зи дашт,
Бинолиду наздики Пирон гузашт.
Ки «Ман з-ин сарафроз шери яла
Сўи паҳлавон омадам бо гила.
Ҳаме кард нахчири оҳу нахуст,
Раҳи шеру ҷанги палангон наҷуст.
Кунун назди ў ҷанги шери дамон
Ҳамон асту нахчири оҳу ҳамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё