Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу омад бари тахти Ковуси кай,
Сараш буд пурхоку пурхок пай.
45 Бад-ў гуфт: «Хўи бад, эй шаҳрёр
Парокандиву тўҳмат омад ба бор.
Туро ишқи Судобаву бадхуӣ.
Зи сар баргирифт он кулоҳи каӣ.
Кунун ошкоро бубинӣ ҳаме.
Ки бар мавҷи дарё нишинӣ ҳаме.
Аз андешаву хўи шоҳи сутург
Даромад ба Эрон зиёни бузург.
Касе, к-ў бувад меҳтари анҷуман,
Кафан беҳтар ўро зи фармони зан!
Бузургон пиёда пазира шуданд,
Абе кўсу тавқу табира шуданд,
Ҳама зору гирёну пуроб рўй,
Забон шоҳгўю равон шоҳҷўй.
Чу Рустам бидиданд эшон зи дур,
Ту гуфтӣ зи гетӣ баромад нуфур,
Або зориву нолаву дарду ғам
Расида бузургону Рустам ба ҳам
Ба пурсиш гирифтанд мар якдигар,
Ба дарди Сиёвуш пур аз хун ҷигар.
Ба зорӣ ҳаме гуфт пас Пилтан,
Ки шоҳо, далеро, сари анҷуман.
Каё, кайнажодо, шаҳо, хусраво,
Ҷаҳоншаҳрёрову кундоваро!
Зи дарди ту хуршед гирён шавад,
Ҳамон моҳро сина бирён шавад.
Куҷо он далериву нерўи пил,
Ки аз дарди ту хушк шуд рўди Нил,
Хуш он рўз, к-андар гулистон будем,
Ба базми сарафроз Дастон будем.
Бад-ин сон ҳаме рафт зорикунон,
Ки омад бад-он боргоҳи каён.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё