Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сипаҳбад гави пилтан чун шунид,
Ки омад сипаҳдори Турон падид,

Бирафтанд бо ковиёнӣ дурафш,
Зи теғи далерон ҳаво шуд бунафш.

Баромад хурўши сипоҳ аз ду рўй,
Чаҳон шуд пур аз мардуми ҷангҷўй.

Хуру моҳ гуфтӣ ба ранг-андар аст,
Ситора ба коми наҳанг-андар аст.

235 Сипаҳдори Турон баророст ҷанг,
Гирифтанд кўполу жўпин ба чанг.

Биёмад сўи маймана Бормон,
Зи туркон сипоҳе давону дамон.

Сўи майсара Кўҳрами теғзан,
Ба қалб-андарун хусрави анҷуман.

В-аз он рўй Рустам сипаҳ баркашид,
Замин шуд зи гарди ялон нопадид.

Бисозид бар қалбгаҳ ҷои хеш,
Завора пас-андар, Фаромарз пеш.

240 Чу Гударзи Кашвод бар майсара,
Ҳаҷиру гаронмоягон яксара.

Биёрост бар маймана Геву Тус,
Саворони бедор бо бўқу кўс.

Таҳамтан басечид мар ҷангро,
Барафрошт аз кин дили тангро.

Шуд аз сумми аспон замин мушкранг,
Зи найза ҳавоҳамчу пушти паланг.

Ту гуфтӣ ҳаво кўҳи оҳан шудаст,
Сари кўҳ пуртарку ҷавшан шудаст.

245 Ба абр андаромад синони дурафш,
Дурахшидани теғҳои бунафш.

Кушта шудуни Пилсам ба дасти Рустам

Биёмад ба қалби сипаҳ Пилсам,
Диле пур зи кин, чеҳра карда дижам.

Чунин гуфт бо шоҳи туронсипоҳ,
Ки «Эй пурхирад, номбардор шоҳ,

Гар эдун, ки аз ман надорӣ дареғ,
Яке бора бо ҷавшану тарку теғ,

пешина
аз 234
навбатӣ