Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳама шаҳри Эрон камар бастаанд,
Зи кини Сиёвуш ҷигар хастаанд.
Нагун шуд сару тоҷи Афросиёб,
Ҳаме канд мўю ҳаме рехт об.
Ҳама ҷомаи хусравӣ кард чок,
Хурўшон ба сар-бар барафшонд хок.
Ҳаме гуфт: «Родо, далеро, гаво,
Саро, номдоро, яло, хусраво!
215 Дареғ он рухи арғавонӣ чу моҳ,
Дареғ он бару бурзу болои шоҳ.
Наҷўяд падар ҳеч оромгоҳ,
Магар зини чарма ба овардгоҳ».
Чунин гуфт бо лашкар Афросиёб,
Ки «Бар мо сар омад кунун хўрду хоб.
Ҳама кинаро чашм равшан кунед,
Ниҳолӣ зи хафтону ҷавшан кунед».
Чу бархост овои кўс аз дараш,
Бипўшид ҷавшан ҳама лашкараш.
220 Бизад нои рўин абар пушти пил,
Ҷаҳон шуд зи лашкар чу дарёи Нил.
Чу бар кўҳаи пил барбаст кўс,
Ҳаме осмон бар замин дод бўс.
Ба гурдони лашкар-ш овоз кард,
Ки «Эй номдорону мардони мард,
Чу бархезад овози кўс аз ду рўй,
Наҷўяд замон марди пархошҷўй.
Ҳама размро дил пур аз кин кунем,
Тани душманон ҷои жўпин кунем».
225 Бигуфт ину фармуд,то каррной
Дамиданд бо синҷу ҳиндидарой.
Хурўш омаду нолаи говдум,
Дами нои сарғину рўинахум.
Замин омад аз наъли аспон ба ҷўш,
Ба абр андаромад зи лашкар хурўш.
Чу бархост аз дашт гарди сипоҳ,
Кас омад бари Рустами кинахоҳ,
Ки омад сипаҳдор Афросиёб,
Сипоҳи дамон ҳамчу киштӣ бар об.
230 Ҳама сохта кинаву ҷангро,
Ҳама тез карда ба хун чангро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё