Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ҳазимат гирифтанд туркон чу бод,
Ки Рустам зи бозу ҳаме дод дод.
355 Се фарсанг чун аждаҳои дамон
Ҳаме шуд Таҳамтан паси бадгумон.
В-аз он ҷойгаҳ пилтан бозгашт,
Ту гуфтӣ варо чарх дамсоз гашт.
Ба лашкаргаҳи хеш гаштанд боз,
Сипаҳ яксар аз хоста бениёз.
Ҳама дашт пуроҳану симу зар,
Синону ситому силеҳу камар.
Фиристодани Афросиёб
Кайхусравро ба Хутан
Чу хуршед бар зад сар аз кўҳсор,
Бигустурд ёқут бар пушти қор.
360 Хурўш омаду нолаи каррной,
Таҳамтан барангехт лашкар зи ҷой.
Ниҳоданд сар сўи Афросиёб,
Ҳама рух зи хуни Сиёвуш пуроб.
Чу бишнид, к-омад паси ў сипоҳ,
Таҳамтан ба пеш-андарун кинахоҳ.
Биёвард лашкар ба дарёи Чин,
Бар ў танг шуд паҳн рўи замин.
Бад-он гаҳ куҷо хост бугзошт об,
Ба Пирон Чунин гуфт Афросиёб.
365 Ки «Дар кори ин кўдаки шумтан
Ҳушивор бо ман яке рой зан,
Ки гар Рустам ўро ба ҷанг оварад,
Мар ўро сўи шаҳри Эрон барад.
Аз ин девзода яке шоҳи нав
Нишонанд бо тоҷ бар гоҳи нав.
Мар ўро биёвар бар ин рўи об,
Дарафкан в-аз ин рои ман сар матоб».
Чунин гуфт Пирон ба Афросиёб,
Ки «Бар куштани ў набояд шитоб.
370 Ман ўро яке чора созам, ки шоҳ
Писандад аз ин бандаи некхоҳ.
Мар ўро биёрем бо хештан,
Барему нишонемаш андар Хутан.
Набояд, ки якбора аз бад куниш
Бувад шоҳро ҷовидон сарзаниш».
Бад-ў гуфт шоҳ: «Эй худованди рой,
Маро бар накўӣ туӣ раҳнамой.
Ба зудӣ бар ин кор кардан басеч,
Набояд диранг андар ин кор ҳеч».
375 Пас он гоҳ Пирон фиристодае,
Яке донишимарди озодае
Фиристод, то оварад шоҳро,
Фиристода бубрид он роҳро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё