Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаме рафт тозон ба кирдори дуд,
Чунон чун сипаҳбад-ш фармуда буд.

Биёмад, ба наздики хусрав расид,
Бад-он фарру авранг ўро бидид.

Фаровон-ш бистуду бурдаш намоз,
Ҳаме буд пешаш замони дароз.

380 Ҳамон гаҳ бигуфт, он чи буд гуфтанӣ,
Ҳама дарпазируфт пазруфтанӣ.

Чу бишнид Хусрав саросар сухун,
На сар дид пайдо мар онро, на бун.

Биёмад давону ба модар бигуфт,
Саросар баровард роз аз нуҳуфт.

Ба модар чунин гуфт, к-«Афросиёб
Фиристоду хонад маро назди об.

Чӣ созему инро чӣ дармон кунем?
Ба дониш магар чораи ҷон кунем».

385 Фаровон бигуфтанду андохтанд,
Мар он корро чора нашнохтанд.

Ҷуз аз рафтан он ҷо надиданд рўй,
Ба ноком рафтанд пас пўй-пўй.

Ҳама роҳ ғамгину дида пуроб,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.

Чунин то ба наздики Пирон расид,
Чу Пирони Виса мар ўро бидид,

Фуруд омад аз тахту шуд пеш боз,
Бипурсидаш аз ранҷи роҳи дароз.

390 Фаровон-ш бистуду бинвохташ,
Ба наздики худ ҷойгаҳ сохташ.

Ҳар он ч-аш бубоист аз х(в)арданӣ,
Зи пўшиданиву зи густарданӣ,

Зи хиргоҳу аз хаймаву борагӣ
Бисозид Пирон ба якборагӣ.

Чу ҳарчиш бибоист, шуд сохта,
В-аз он сохтан гашт пардохта.

Биёмад, бигуфташ ба Афросиёб,
Ки «Эй шоҳи бодонишу фарру об,

395 Ман ин кўдаки хурд бо фарраҳӣ
Биёвардам, акнун чӣ фармон диҳӣ?

Чунин гуфт пас шоҳи Туронзамин
Ба Пирон, к-«Аз он рўи дарёи Чин

Фиристод бояд-ш, то саркашон
Наёбанд аз ў ҳеч гуна нишон.

Фиристод Пирон мар ўро чу дуд,
Бар он сў, куҷо шоҳ фармуда буд».

пешина
аз 234
навбатӣ