Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба фармони Яздон хуҷаста Суруш
Маро рўй бинмуд дар хоб дўш.

Нишаста ба абре пур аз боду нам,
Бишустӣ ҷаҳонро саросар зи ғам».

Маро диду гуфт: «Ин ҳама ғам чарост,
Ҷаҳоне пур аз кину бенам чарост?

535 Азеро ки бефарру бурз аст шоҳ,
Надорад ҳама роҳи шоҳон нигоҳ.

Чу Кайхусрав ояд зи Туронзамин,
Сўи душманон афканад ранҷу кин.

Наёрад кас ўро зи гурдони нев
Ҷуз аз номвар пури Гударз-Гев.

Чунин кард бахшиш сипеҳри баланд,
Ки аз ту кушояд ғаму ранҷу банд.

Ҳаме ном ҷустӣ миёни ду саф,
Кунун номи ҷовидат омад ба каф,

540 Ки то дар ҷаҳон мардум асту сухан,
Чунон номи некўнагардад куҳан.

Ба ранҷ асту бо ранҷ ном асту ганҷ,
Ҳамоно, ки номат барояд зи ранҷ.

Агар ҷовидона намонӣ ба ҷой,
Ҳамон ном беҳ з-ин сипанҷӣ сарой

Ҷаҳонро яке шаҳрёр оварӣ,
Дарахти вафоро ба бор оварӣ».

Бад-ў гуфт Гев: «Эй падар, бандаам,
Бикўшам ба рои ту то зиндаам.

545 Харидорам инро, гар ояд ба ҷой
Ба фархунда номи ту, эй раҳнамой».

Ба айвон шуду сози рафтан гирифт,
Зи хоби падар монда андар шигифт.

Меҳини маҳон бонуи Гев буд,
Ки духти гузин Рустами нев буд.

Хабар шуд ҳамон гаҳ ба Бонугушасп,
Ки мар Гевро рафтан орост асп.

Биёмад хиромон ба назидики ўй,
Чунин гуфт: «Эй меҳтари номҷўй,

550 Шунидам, ки ту рафт хоҳӣ ба Тур,
Ки Хусрав биҷўӣ зи наздику дур.

Чу дастур бошад, маро паҳлавон
Шавам назди Рустам ба рашванравон.

пешина
аз 234
навбатӣ