Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Маро орзу чеҳраи Рустам аст,
Зи нодиданаш ҷони ман пурғам аст.
Ту падруд бош, эй ҷаҳонпаҳлавон,
Ки бодӣ ҳамасола пушти гавон».
Ба фармони солорбону бирафт,
Сўи Систон рўй бинҳод тафт.
Рафтани Гев ба Турон ба
ҷустани Кайхусрав
555 Чу хуршеди рахшанда омад падид,
Замин шуд ба сони гули шанбалид.
Биёмад камарбаста Геви далер,
Яке боркаш бодпое ба зер.
Бад-ў гуфт Гударз: «Ёри ту чист,
Ба роҳ-андарун бо ту ҳамроҳ кист?»
Ба Гурдарз гуфт: «Эй ҷаҳонпаҳлавон,
Далеру сарафрозу равшанравон,
Камандеву аспе маро ёр бас,
Нашояд кашидан бад-он марз кас.
560 Чу мардум барам, хостор оядам,
Аз он пас маро корзор оядам.
Каманде ба фитроку аспе давон,
Парандовару ҷомаи ҳиндувон.
Маро дашту кўҳ аст якчанд ҷой,
Магар пешам ояд яке раҳнамой.
Нашояд, ки дар шаҳрҳо бугзарам,
Маро боздонанду кайфар барам.
Ба пирўз бахти ҷаҳонпаҳлавон
Биёям барат шоду равшанравон.
565 Ту мар Бежани хурдро дар канор
Бипарвар, нигаҳ дор аз рўзгор.
Биёмўзаш ороиши размро,
Нашояд магар разм ё базмро.
Бад-ин кўдакӣ ман аз ў дидаам,
Зи мардӣ, ки ўро писандидаам.
Ту падруд бошу маро ёд дор,
Равонро зи дарди ман озод дор.
Надонам, ки дидор бошад ҷуз ин,
Чӣ донем рози ҷаҳонофарин.
570 Чу шўӣ зи баҳри парастиш рухон,
Ба ман-бар ҷаҳонофаринро бихон.
Ки ўяст бартар зи ҳар бартаре,
Ҳамон бандаи ўст ҳар меҳтаре.
На бе рои ў гардад ин рўзгард,
На бе амри ў бошад ин хобу х(в)ард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё