Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Кунун, эй хирадманди бедордил,
Машав дар гумон, пой баркаш зи гил.
595 Туро кирдгорест парвардгор,
Туӣ бандаи кардаи кирдгор.
Чу гардан ба андеша зер оварӣ,
Зи ҳастӣ макун пурсишу доварӣ.
Нашояд хуру хобу бо ў нишаст,
Ки хасту набошад ба Яздон, кӣ ҳаст?
Дилаш кўр бошад, сараш бехирад,
Хирадмандаш аз мардумон нашмарад.
Зи ҳастӣ нишон аст бар обу хок,
Зи дониш макун хештан дар мағок.
600 Тавонову донову доранда ўст,
Хирадрову ҷонро нигоранда ўст».
Чу солори Турон ба дил гуфт: «Ман
Ба бешӣ барорам сар аз анҷуман.
Чунон шоҳзода ҷавонро бикушт,
Ба пеш омадаш рўзгори дурушт.
Ҳам аз пушти ў довари кирдгор
Дарахти нав овард ёзон ба бор.
Ки бо ў бикард, он чи боист кард,
Баровард аз мағзи айвон-ш гард.
605 Худованди кайвону хуршеду моҳ,
К-аз ўяст пирўзиву дастгоҳ,
Худованди ҳастиву ҳам ростӣ
Аз ўяст бешиву ҳам костӣ,
Ҷуз аз рою фармони ў роҳ нест,
Хуру моҳ аз ин дониш огоҳ нест».
Ба фармони ў Гев баста миён,
Биёмад ба кирдори шери жиён.
Ба танҳо ҳаме рафту касро набурд,
Тани ноздида ба Яздон супурд.
610 Ҳаме тохт, то марзи Турон расид,
Ҳар он кас, ки дар роҳ танҳо бидид,
Забонро ба туркӣ биёростӣ,
Зи Кайхусрав аз вай нишон хостӣ.
Чи гуфтӣ "Надорам зи шоҳ огаҳӣ,"
Танашро зи ҷон зуд кардӣ тиҳӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё