Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Замину замону макон офарид,
Тавоноеву нотавон офарид.

Бад-ўяст уммед, аз ўяст бок,
Худованди об, оташу боду хок.

575 Магар бошадам ёвару раҳнамой,
Ба наздики он номвар кадхудой».

Падар пирсар буду барно далер
Бубаста миёнро ба кирдори шер.

Надонист, к-аш боз бинад дигар,
Зи рафтан дилаш гашт зеру забар.

Фуруд омад аз бора Геви далер,
Бибўсид дасти сарафроз шер.

Падар танг бигрифт андар бараш,
Фаровон бибўсид рўю сараш.

580 Ба Яздон бинолид Гударзи пир,
Ки «Эй додгар, мар маро даст гир!

Супурдам туро ҳушу ҷону равон,
Чунин номбардор пури ҷавон.

Магар кишвар ояд зи тангӣ раҳо,
Ба ман боз бахшаш ту, эй подшо.

Басо ранҷҳо к-аз ҷаҳон дидаанд,
Зи баҳри бузургӣ писандидаанд,

Саранҷом бистар ҷуз аз хок нест,
Аз ў баҳра заҳр асту тарёк нест.

585 Чу донӣ, ки эдар намонӣ дароз,
Ба торак чаро барниҳӣ тоҷи оз?

Ҳамон озро зери хок оварӣ,
Сараш бо сар андар мағок оварӣ.

Туро з-ин ҷаҳон шодмонӣ бас аст,
Куҷо ранҷи ту баҳри дигар кас аст.

Ту ранҷиву осон дигар кас х(в)арад,
Сўи гўру тобути ту нангарад.

Ба ў низ шодӣ сар ояд ҳаме,
Сараш зери гард андарояд ҳаме.

590 Зи рўзи гузар кардан андеша кун,
Парастидани додгар пеша кун.

Ба некӣ гирою маёзор кас,
Раҳи растагорӣ ҳамин асту бас.

Манеҳ ҳеч дил бар ҷаҳанда ҷаҳон,
Ки бо ту намонад ҳаме ҷовидон.

Агарчанд монӣ, бибояд шудан,
Паси он шудан нест бозомадан.

пешина
аз 234
навбатӣ