БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

баҳси муосирият “назарияи фаронсавӣ” – ро бунёд гузоштанд, ки дар фалсафаи муосирият бо номи “фалсафаи тафовут” машҳур мебошад.
Деррида фалсафаро ба унвони шакле аз нақди матнӣ тамрин мекард, аммо муҳимтарин бахши фалсафаи постмодернизм сохторгароӣ ва нисбигароии маърифатӣ аст, ки ба истилоҳ воқеиятро таваҳҳум пиндоштаанд ва ба қавли онҳо, ҳақиқатро наметавон бидуни ибҳом фаҳмид. На танҳо интиқоди фалсафаи классикӣ, балки рушди устувори улуми табиатшиносӣ низ ба зуҳури муосирият замина ба вуҷуд овард.
Бузургтарин мунаққиди ақл Фридрих Нитше алорағми ҳамаи муҳаққиқин дар садсолаҳои сипаришуда вақтро дар баробари фазо таҳлил намуда, муътақид аст, ки инкори вақт инкор кардани ҳастии хеш мебошад: “Ҳар касе ки ба вақти худ ҳамла мекунад, ӯ фақат метавонад ба худии хеш ҳамлае анҷом диҳад. Қавитарин дороии ман ғалаба бар худ аст”105. Шояд аз ҳамин хотир бошад, ки Жак Деррида дар китоби худ “Мактуб ва тамоиз” алорағми таззоди дохиливу хориҷӣ даъват ба амал меоварад, ки бояд дар системи классикӣ иқтисоди ҷадиде таҳия кард, ки бар нафъи тарафайн хидмат кунад.
Номбурда ба бознигарии фикрӣ таваҷҷуҳ намуда, дар ҷустуҷӯи фалсафаи ҷаҳонист, чунки
Ницше Ф. Сочинение в 2 томах, том первый, - М.: 1990, - с. 728.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё