БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

эътимоди қавӣ дорад, ки фалсафаи урупоӣ ҷавҳари идеологияи таҳмилпазир мебошад.
Бинобар ин, равиши хондани як матнро ба унвони бахше аз сохтори шаклӣ тавсеа медиҳад ва онро стратегияи чунин сохторе баррасӣ намуда, муътақид аст, ки муқаддамоти фалсафиро бо истифода аз ин сохтор метавон ҷудо кард: “Мо муътақидем, ки мафҳумҳои ҷадид ва муделҳои наве аз навъи иқтисодро ҷустуҷӯ кунем, ки аз системҳои мутақобили метафизикӣ фирор бинмояд. Мо мехоҳем иқтисодеро дар даруни ин систем ошкор кунем, ки тавассути навъи хосе аз сохторгироӣ ба нафъи дигарӣ ба таври интиқодӣ пазируфта нашудааст”106.
Дидгоҳи дигар ҷиҳати муаррифии постмодерн ин ҷомеаи масрафкунанда аст. Ба қавли муҳаққиқи фаронсавии постмодернизм Жан Бодрийёр, воқеиятҳои иҷтимоӣ ба унвони як табақа ё қавм аз байн мераванд. Мавсуф Амрикоро ҷомеаи масрафкунанда номида, муътақид аст, ки ин кишвар дар ҳоли табдил шудан ба як саҳрои иҷтимоӣ қарор дошта, онҷо ҳамаи арзишҳои башарӣ маҳв мешаванд. Дар китобе бо унвони “Ҷомеаи масрафӣ” муҳаққиқи фаронсавӣ пояи асосии ҷомеаҳои навинро аз нодонӣ медонад: “Тибқи ҳамон тарҳ метавон гуфт, ки мушаххасан масраф ҳамонтавр, ки дар
Деррида Ж. Письмо и различие, - М.: 2000, - 29.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё