Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

протестантизми бритонӣ ташаккул ёфтааст, дар
авоили садаи XXI бинобар нуфуз ёфтани
ормонҳои мутааллиқ ба ислом осеб мебинад ва
ИМА чун кишваре, ки таҳияи сиёсатҳо ғолибан
дар марзи ӯ ба вуқуъ мепайванданд, ҷиҳати ягона
усули нигаҳдошти қудрат, ки ҳувияти аҳолии он
аст, ба инқирози маънавӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар
ҳоле ки маҳз Ҳантингтон бо дарназардошти
таҳияи сенарияи ошкорбаёнӣ (плюрализм)
зарбаи маънавӣ бар пайкари низоми сусиёлистӣ
зада, марги болшевизмро таъмин намуд, аммо
дар масъалае, ки хоси мақолаи мост, таҳияи
“панисломизм” дар як замон баробар бо
“саҳюнизм” ва “сусиёлизм” эҷод шудааст, бештар
матраҳ хоҳад шуд. Иқрор мебояд кард, ки ҳануз
дар садаи гузашта қудратҳои ҷаҳонӣ тавассути
афроди илзомшуда (Ризохони Паҳлавӣ, Камол
Мустафо Отатурк, Муҳаммад Алии Ҷанноҳ ва
дигарон) дар мамлакатҳои мусалмоннишин
андешаи бартарӣ доштани исломро аз соири адён
ҷойгузин сохта, маҳз бо истифода аз эҷод
намудани таассуби динӣ кишварҳоро аз рушд
боздоштанд ва муқаддам аз он бинобар таблиғи
Саид Ҷамолуддини Асадободӣ ва Шайх
Муҳаммад Абдуҳ таҳти унвони “панисломизм”
муслимини дунёро бо истротегияҳои номақбуле
чун “ваҳҳобия”, “салафия”, “баҳовия”,
“ҳизбуттаҳрир”,“ансоруллоҳ”,“ихвонулмуслими”
ва ҳоказо мубтало сохтанд. Бинобар ин, бо дастрас шудани истиқлоли сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ инчунин таассуб ва тахрибкорӣ дар рафтору гуфтори пайравони Нурӣ ва соири афроди заҳролудшуда мушоҳида мешуд, чунки мо истиқлолро дар соли 1991 соҳиб гардидем, аммо олиҷанобон аз ҳизби наҳзат ҳануз соли 1986 тазоҳурот ҷиҳати интиқол намудани Инқилоби исломии Эрон дар водии Вахш барпо намуда буданд.

пешина
аз 303
навбатӣ