БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

иштиғол доштан дар интиқоли инқилоби исломӣ
ва роҳандозӣ шудани навъҳои мухталифи
терроризм мутаҳҳам намуданд. Агар дилхоҳ
неруҳои сиёсӣ дар дилхоҳ кишваре бо
дарназардошти интиқоли ормонҳои миллии
мансуб ба аҷнабӣ фаъолият бинмуда, кӯшиши
татбиқ сохтани низоми таҳмилӣ мекунад, дар ҳеҷ
сурат муваффақ нахоҳад шуд. Чунин истротужӣ
дар кишварҳои пасошуравӣ бештар мавриди
роҳандозӣ қарор доштаанд ва дар ҳамаи
давлатҳои собиқ Шуравӣ шуруъ аз солҳои 90-уми
садаи гузашта сенарияи бо татбиқи роҳҳои
мухталиф дахл варзидани аҷнабӣ дар умури
дохилии он кишварҳо мушоҳида мешавад. Аммо
бо пажӯҳиши ин ки чаро тибқи аҳдофи
геополитикӣ ҷиҳати тағйир додани низоми сиёсӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаллиғини
қудратҳои ҷаҳонӣ намунаи инқилобии исломиро
интихоб кардаанд, моро аз лавозим аст, ки
аввалан, объект ва сониян, субъекти
геополитикаи муосирро дастрас намоем. Лозим
ба ёдоварист, ки қудрат аз васеъ паҳншавии
муслимин бохабар ҳастанд ва хеле хуб дарк
менамуданд, ки раванди мазкур сатҳи густариши
ҳувияти фарҳангии кишварҳои тавсеаёфтаро
ноком мегардонад. Масалан, ҷомеашиноси
амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон борҳо гӯшзад
мекард, ки ҳувияти ғолиб бар соири ҳувиятҳо,
яъне ҳувияти фарҳангии амрикоӣ, ки дар пояи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё