Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Вале як нафар ватандӯст ва худогоҳ аз зумраи тоҷикон пайдо шуд, ки ин раванди басе зиёноварро боздошту ҷиҳати баргардон кардани фирориён иқдом намуд.
Омилҳои фарҳангӣ, ки дар ташаккули ҳувияти ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф нақш доранд, аз дидгоҳи мо инҳо мебошанд:

  • Арзишҳои маънавӣ, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад;
  • Маниши миллӣ, ки сарчашмаи он сарнавиштсоз мебошад;
  • Идеяҳо, анъанаҳо ва ҷашну маросими миллӣ, ки хусусияти эҳёшавӣ доранд;
  • Фаъолиятҳои маънавӣ, ки қудрати рақобат кардан бо таассуби диниро моликанд;
  • Татбиқи сиёсати фарҳангсолорӣ, ки имкон медиҳад то фарҳанг ва аносири миллии он аз ҷониби фарҳанг ва тамаддуни ғолиб маҳв нагардад;
  • Дигаргуниҳои фарҳангӣ ва рақобатпазирии онҳо дар замони постмодерн, ки бинобар татбиқи раванди ҷаҳонишавӣ маҳвшавии фарҳангҳо ва ҳувиятҳоро ба бор овардааст;
  • Бархурди ҳувиятҳои хос ба миллату давлати рӯ ба инкишоф, ки густариши ҳар якеро тасодуми байни онҳо таъмин мекунад. Масалан, тасодуми байни ҳувияти миллӣ бо ҳувияти динӣ дар замони постмодерн имкон фароҳам меорад, ки инсонҳо таассубро аз худ хориҷ созанд.
пешина
аз 303
навбатӣ