БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Китоби Ҳантингтон “Тартиботи сиёсӣ дар ҷомеаҳои тағйирёбанда” то имрӯз яке аз муҳимтарин асарҳо оид ба масъалаҳои қудрат ва нақши он дар ислоҳот ва инкишофи ҷаҳони ҳозира боқӣ мемонад. Дар баробари шакл гирифтани давлатҳои соҳибистиқлол, фарқияти байни даъвоҳои онҳо дар бораи мавқеи сазовор дар ҷаҳони муосир ва низоми анъанавӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ вуҷуд дошт.
Коршиносони ғарбӣ тибқи назарияи «муосирият”, яъне мудернсозии мамолики ҷаҳони савум ба ҷомеаҳои типи ғарбӣ табдил додани кишварҳои рӯ ба инкишофро пешгӯӣ карданд. Аз ин рӯ, «муосирият” -ро аксар вақт бо «ғарбшавӣ» (аз инглисӣ “western” – ғарбӣ, “westerners” – маскуни Ғарб) ифода мекарданд.
Ба таъбири Ҳантингтон, навсозиҳои сиёсӣ дар кишварҳои тавсеанаёфта ба эҷоди режимҳои сиёсии қобил ба давомпазирӣ аст. Мудернсозӣ ва дар ҳоли мудерншавӣ қарор доштани кишварҳои рушднокарда ба қудрати ҷаҳонӣ табдилёбии Амрико мусоидат хоҳад кард ва бидуни тардид онҳо барои моделсозии кишварҳо омодаанд. Ин манзараи сиёсиро ҷомеашиноси амрикоӣ чунин тасвир мекунад: “Мудернсозӣ, яъне навсозии сиёсӣ дар амал ҳамеша мусталзими тағйир ва маъмулан тахрибкории низоми сиёсии суннатӣ аст, аммо лузуман мунҷар ба тағйироти қобили таваҷҷуҳе зимни пешрафти иҷтимоии густурдаи муосирсозии иҷборӣ содиқ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё