Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

тамаддунҳои ғолиб ва пайгирии ҳувияти
фарҳангии амрикоӣ тасаввур карда, ҳиҷрат ба
Ғарбро ҳадаф қарор додаанд. Аммо неруҳои
иҷтимоие низ ҳастанд, ки ҷиҳати риоя аз
фарҳанги миллӣ, махсусан, пӯшишҳои мутааллиқ
ба миллияти худро ҳатмӣ дониста, дигаронро
водор менамоянд, ки дар риояи вижагиҳои
фарҳангии хос сахткӯш бошанд. Масалан, ҳарф
задан бо лаҳни аҷнабӣ дар мавзеъҳои иҷтимоӣ
дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф хеле маъмул
мебошад, чунки ҷавонони нохудогоҳ ҷиҳати
ҷалби дигарон ин амалро анҷом медиҳанд, лекин
нерӯҳои истиқлолхоҳ онҳоро маҳкум карда, зери
тозиёнаи танқид қарор медиҳанд. Аввалан, ин ҷо
аз як ҷониб майли шадидан пайгирона ба
фарҳангҳои ғолиб пайхас карда мешавад, аммо
аз ҷониби дигар, аксуламале дар муқобили
раванди ҷаҳонишавӣ бо дарназардошти дифоъ аз
ҳувиятҳои миллӣ мушоҳида мешавад. Бинобар
ин, вазъияти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ моро
водор мекунад, ки ба асрори таърих рӯ оварда, ба
замони Пётри Кабир ва ислоҳоти ӯ бознигариеро
анҷом диҳем, омилҳои “ғарбзадагӣ” дар он
овонро таҳқиқ кунем ва тавассути ин амал ба
бархе аз пурсишҳое бобати рухдодҳои муосир
посух гӯем. Таърихшиносон ҳоло ҳам баҳс
мекунанд, ки бо кадом мақсад император Пётри
Кабир дарро ба Аврупо бозкушоуӣ карду
марзҳои фарҳангҳоро аз байн бурд? Баъзеҳо бар

пешина
аз 303
навбатӣ