Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Айни ҳол, пешрафт нисбат ба дигар аҳдофе, ки муҳаққиқон бо навсозии сиёсӣ муртабит мекунанд, чун демократӣ, субот, тамоизи сохторӣ, идеологияи муваффақ, якпорчагии марзиву миллӣ ва амсолашон ҳадди аққал машкук ҳастанд”118. Ф.
Фукуяма дар пешгуфторе, ки дар чопи тозаи китоби “Тартиботи сиёсӣ дар ҷомеаҳои тағйирёбанда” навишт, назарияи дар ин китоб будаи Ҳантингтонро нокифоя баррасӣ карда, бузургтарин мушкили онро пешбинӣ накардани суқути Шуравӣ ва низ суботи сиёсӣ дар кишварҳои арабӣ донист. Дар воқеъ, Ҳантингтон чунин меандешид, ки сегонаи тавсеаёфта дар мисоли ИМА, Бритониё ва Шӯравист, ки дуи аввал низоми демократӣ ва савумӣ низоми диктотуриро роҳандозӣ мекунанд, аммо мунаққид чунин меандешад, ки низоми тотолитарӣ дар ҳеҷ сурат тавсеаёфта нахоҳад буд. Аммо авзоъ ва аҳволи инсонҳоро дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф алайҳи он тафаккур ва худбиниҳое дармеёбем, ки Фрейд онҳоро дар ҷавомеъи тавсеаёфта бинобар ҳақиқати табиати хулқ “нохудогоҳ” пиндоштааст. Дар ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф инсонҳо худогоҳиро дар пайравӣ аз

118
Хантингтон С. Политический порядок в меняющихся обществах, - М.:
Прогресс-Традиция, 1968, - с. 37.

пешина
аз 303
навбатӣ