БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Пётри Кабир умедвор буд, ки тағйири либос Русияро дар сатҳи миллатҳои урупоӣ боло мебардорад. Ин омол амалӣ нашуд. Аврупоиҳо барои тиҷорат кардан ба Русия рафтанд, вале шитоб накарданд, ки онро ҳамчун кишвари мутамаддини аврупоӣ эътироф кунанд. Дар натиҷаи иҷборан таҳмил кардани фарҳанги аврупоӣ, қишри олии иҷтимои Русия солҳои дароз аз анъанаҳои миллӣ барканор шуданд.
Ҷиҳати баҳогузорӣ кардани ислоҳоти таърихии Пётри Кабир ағлаб пажӯҳишгарон хулосаҳои мухталифро изҳор кардаанд, аммо бештарини муҳаққиқин дар садади ин ақида мебошанд, ки иҷборан фарангӣ кардани мардуми Русия оқибат масоиби дардзо ба бор овардааст. Зӯран мутамаддин кардани ҷамъияте оқибат онро побанди ҳамон тамаддун хоҳад кард ва ҳамеша гироиш ба он мекунад, чунки бовар дорад тамаддуни Ғарб бар соири тамаддунҳо ғолиб омада ва осори он дар ғайри ӯ бартарӣ ёфтааст.
Анисимов Е.В. ҷиҳати зуран тағйир додани фарҳанг ва тамаддуни миллати рус чунин хулосаро муносиб дидааст: “Пётр бо тағйири фарҳанг ва муаррифии чизи ҷадиде дар он ба таври мудовим бисёре аз ниҳодҳои иҷтимоиро тибқи манобеъе, ки фарҳанги ғарбиро тағзия мекарданд, рад кард. Ӯ ислоҳоти бузурги давлатиро анҷом доду ваҷҳи иҷтимоии ҷомеаи Русияро тағйир намуд, аммо бо интихоби он чи дар Ғарб мехост, ба Русия овард ва ба навъе аз нусхаҳои ғарбӣ давлату сохторҳои иҷтимоии ҳар чизеро мисли порлумонтаризм ва ҳукумати маҳаллӣ, ки ба он муртабит буду ду унсури муҳими фарҳанги урупоӣ бар он устувор аст, қатъ кард”119.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё