Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

ғолибан эҳсос мешавад, ки ҳувияти фарҳангии
амрикоӣ дар пояи протестантизми бритонӣ
густариш ёфтааст. Ба ибораи дигар, асосҳои
ташаккули ҳувияти амрикоӣ ба қавле масеҳияти
лютерӣ мебошад, дар ҳоле ки вокуниши
донишмандони Ғарб аз қабили Рене Декарт,
Фридрих Нитше, Мартин Ҳайдеггер ва
амсолашон ба дини масеҳӣ моро водор мекунад
чунин андешаро пайгирӣ намоем, ки садсолаҳо
ҷомеаҳои ғарбиро аз рушд маҳз дини онҳо
боздоштааст. Аммо суханпардозони муосири
Ғарб ҷиҳати таъмин ва аз хатар эмин нигаҳ
доштани эҳсоси бартарӣ ва ғолибияти ҳувияти
фарҳангии худ навоқизи таърихии хешро, ки
марбут ба масеҳияти ҷадид буд, бар ҷомеаҳои рӯ
ба инкишоф таҳмил намуда, аз онҳо ҷомеаҳои
иқтибосӣ меофаранд ва аз дидгоҳи онҳо дар
радифи чунин ҷомеаҳо ислом ва муслимин низ
ҳастанд. Дин шакли муайяни фарҳанг аст, ки дар
он унсури равоншинохтӣ на бар пояи ақл ва
ирода ҳоким мебошад. Ҳолоти мухталифи
равонӣ, биниши ирфонӣ ва амсоли онҳо аз
асолати дин буда, эътиқод бар ғайри табиат ва
вуҷуди биологӣ, яъне мовароуттабиӣ маҳсуб
мешавад ва аз вижагиҳои ҷаҳони моддӣ хориҷ
аст. Бинобар ин, бо тафаккур ва дидгоҳҳои
ирфонӣ густариши ҳувияти фарҳангӣ дар худ
мушкилӣ эҷод карда, инҳитот ва буҳрони
ҳувиятҳоро тақвият мебахшад. Омили асосии

пешина
аз 303
навбатӣ