Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

асримиёнагӣ дар натиҷаи истеъмор коста
шудааст ва алҳол бо пайдо шудани истиқлолияти
давлатӣ сатҳи худшиносии миллӣ дар миёни
тоҷикон рушд мекунад: “Худшиносии миллати
мо дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар натиҷаи
қатлу ғорати оммавӣ ва истеъмори истилогарони
аҷнабӣ ва парокандагии иҷборӣ коста гардида
буд”126. Олими шинохта косташавии сатҳи
худшиносии миллиро дар миёни тоҷикон дар
бехабарии гурӯҳе аз иҷтимоъ бо номи рӯҳониёни
дин медонад, ки бо истифода аз нодонии омма
давлатро танҳо аз хотири манфиатҷӯӣ истифода
кардаанд. Тибқи андешаи мавсуф бинобар
равнақ пазируфтани маорифпарварӣ дар нимаи
дувуми садаи XIX густариши худшиносии динӣ
мушоҳида шуда, тааллуқи динии инсонҳо дар
қиёс бо мансубияти миллӣ бартарӣ пайдо
мекунад. Дар замони Шуравӣ бартарии
маҳаллии тоҷик аз ҳувияти миллӣ болотар рафта,
ҳар фарде аз зумраи тоҷикон мансубияти
маҳаллии хешро авлотар медонист. Дар чунин
муҳит бегонагироӣ рушд карду инсонҳои андаке
аз ҷомеасозӣ бохабар забони бегонаро аз забони
миллӣ бартарӣ доданд ва дар муҳити шаҳрҳо
лаҳни аҷнабӣ бар лафзи миллат ғолиб омад. Агар
ба осори замони постмодерн таваҷҷуҳ кунем,

126 Олимов К. Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ, - Душанбе:
2013, - с. 6.

пешина
аз 303
навбатӣ