БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Таърих намунаҳоеро аз ин
раванд мешиносад, ки дар шароити иқомати
тӯлонимуддат дар як муҳити фарҳангии хориҷӣ
иттифоқ афтодааст. Зардуштиёни эронитабор
маҷбур ба муҳоҷират ба сарзамини Ҳинд шуда,
худро ҳамзамон эронӣ ва ҳиндӣ муаррифӣ
мекарданд. Ё худ ҳиндиҳое, ки аз издивоҷи
мухталиф бо бритониҳо ба дунё меомаданд,
худро шаҳрванди Ҳиндустон надониста, зимни
муаррифии хеш вожаи инглиси ҳиндиро ба кор
мебурданд. Бинобар ин, дар чаҳорчуби миқёси
бесобиқаи ҷаҳонишавӣ дурагасозии фарҳангӣ
издивоҷ ва иртиботи ақвоми наздикро тарҷеҳ
медиҳанд, аммо тасаввури ин ки дар ниҳоят
ҳамаи миллатҳои рӯйи Замин худро бо фарҳанги
воҳид ва ҷаҳонӣ мушаххас бишносад, хеле
душвор аст ва ҳануз барои истиқболи чунин
андеша башар омода нест ва чунин пешбиниҳое
ғайри қобили таваҷҷуҳ буда, танҳо дар тасаввур
вуҷуд доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ
гурӯҳҳое ба майдони рақобати сиёсӣ ворид
шуданд, ки муҳити маҳдуди эътиқодӣ доштанд ва
тафовутҳои фарҳангиро дар ҳеҷ сурат қабул
намекарданд. Фаъолияти сиёсии ин фирқаҳо
фақат дар заминаи таассуби динӣ баррасӣ
мегардид. Ҳамзамон, бинобар соҳиб шудан ба
қудрат бо роҳҳои зӯроварӣ, онҳо натавонистанд
давлатро идора кунанд ва пас аз фирори онҳо бар
дӯши кишвар ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил ёфт, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё