Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

аксар таърихшиносон ин воқеаҳоро таҳмилӣ
арзёбӣ намудаанд. Оқибати таассуб ва эҳсоси
бадбинии хос нисбат ба динҳои дигар метавонад
дахолати қудратҳои хориҷиро дар ин ё он
кишвари рӯ ба инкишоф ба бор оварад. Аммо
сарчашмаи таассуб ва тахрибкорӣ ҳувияти
такмилёфтаи динӣ нест ва ҳар кӣ бо дин ошност,
мутаассиб намешавад, лекин маслаки раҳбоният
ба ислом ва муслимин тавассути масеҳият ворид
гардида бошад, дар насроният ин падида аз куҷо
интиқол ёфтааст? Ҳануз Мавлоно Ҷалолуддин
Муҳаммади Балхӣ андар “Маснавии маънавӣ”
гӯшанишиниро падидае аз фарҳанги ақвоми сомӣ
баррасӣ намуда, бинобар таассуб ба маслаки
Исои масеҳ қавми яҳуд онро ба масеҳият ворид
месозанд. Вақте ки кутуби динӣ таҳриф ёфт,
пайравони адён бегуфтугӯ ба маслакҳое гироиш
пайдо мекунанд, ки оқибат таассуб ва
тахрибкорӣ зуҳур менамояд. Махлутшавии адён
махсусан, ислом бо масеҳият дар тӯли таърих рух
додааст. Бархе даъво пеш овардаанд, ки баъзе
фирқаҳои тасаввуфи исломӣ бинобар
пазируфтани раҳбоният (ин вожа ба маънии
тарки дунё далолат мекунад) исломи
масеҳишударо мемонанд. Воқеан, буданд
маслакҳое, ки ҷиҳати сангсоршавӣ ва ба
маломати дигарон дучор омаданро пешаи худ
медонистанд ва дар ин қарина ҳатто абру
метарошиданд (фирқаҳои маломатия ва

пешина
аз 303
навбатӣ