БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Файласуфи тоҷик Ғаффор Ашуров маънии аслии маорифпарвариро чунин шарҳ додааст: “Маорифпарварӣ ба таври куллӣ ба унвони падидае аз зиндагии иҷтимоӣ ва андеша дар манотиқ ва кишварҳои мухталиф вобаста ба шароити таърихӣ ба шаклҳои мухталиф ва дар замонҳои гуногун худро нишон медиҳад. Дар маҷмуъ, низомҳои кӯҳани омӯзишу парваришро интиқод мекунад. Аммо омӯзиши хусусияти дунявидошта, баробарӣ, озодӣ ва каромати инсониро тарҷеҳ мекунад”132. Маҳз ҳамин кашиши маорифпарварон ба дунявисозии ҷомеаи шаҳрвандӣ аллакай гувоҳӣ медиҳад, ки амирону ҳокимон ҷиҳати бақо ёфтани қудрати дар ихтиёрдоштаашон аз ислом суйиистифода намуда, масоили муқобил гузоштани дунё ва охиратро асоси таълимоти исломӣ муаррифӣ менамуданд ва чунин баррасиҳои нодуруст, ки оқибат дунёбезориро ба бор овардааст, омили аслии пасрафти ҷомеаҳои рӯ ба инкишоф мебошанд.
Ҷаҳон дар ҳоли ҳозир ба буҳрони маънавӣ гирифтор омадааст. Ҳар шайъ, ки диданист ва эҳтиёҷ ба шинохтан надорад, чун ҷанбаҳои тиҷорат мавриди хариду фуруш қарор гирифта, дар зеҳни инсонҳо нисбат ба ҳамдигар эҳсоси
132 Ашуров Г.А. Актуальные вопросы просветительства. – Известия АН РТ, 1995, №2 (14), - с. 49-60.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё