БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Эҳёи фикри миллӣ аз Дониш оғоз пазируфта, то
кунун идома дорад, аммо ҳеҷ эҳёгаре чун Дониш
истиқбол нагардида ва мисли ӯ мавриди баррасӣ
қарор нагирифтааст. Чунки мавсуф фикри
мутлақ монанд ба муллоҳои ҷоҳил надорад ва
ҳамчунин дар вай ақидаи бозгирифташуда аз
бегонагон чун соири маорифпарварон ба
мушоҳида намерасад. Маҳз ин ду вижагии осор
дар Аҳмади Дониш ӯро дар таҳияи сохти
давлатдории ҷадид комёб намуда, водор
сохтааст, ки яке дар паноҳи дигаре ва дигаре дар
аксуламал бо аввалӣ тақвият ёфта, ҳаматарафа
рушд кунанд. Иқдомҳои қудратӣ дар Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар баробари муосирсозии ҷомеаи
шаҳрвандӣ боз имкон фароҳам оварданд, ки
анъанаҳои миллӣ ва ҳувияти фарҳангӣ эҳё
гардида, худогоҳии миллӣ бар асоси бознигарӣ
шудани таърих ва мероси хаттии мутааллиқ ба
ниёкон таблиғ ёбад. Аммо бо ин ки мо бо такя ба
пажӯҳишҳои ҷомеашиносони ватанӣ оғози
раванди муосирсозиро аз маорифпарварӣ
дониста, кунун ҷараёни мазкурро бо ибтикори
қудрати маҳаллӣ арзёбӣ мекунем, пас суол пайдо
мешавад, ки он замон авзоъ дар кадом сатҳ буд
ва имрӯз аҳвол дар чӣ сатҳе қарор дорад? Ҳануз
дар замони Шуравӣ масоили маорифпарвариро,
ки зинаи аввали муосирсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ
муаррифӣ мешавад, теъдоди муайяни
ҷомеашиносон пажӯҳиш карда, бештар ҷиҳати таҳқиқи он ба осори Аҳмадмахдуми Дониш иктифо намудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё