БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

лаҳзае қабл доштам, дар хотираи ман бахше аз гузаштаро ба ҳоли ҳозир мунтақил мекунад”134.
Кароматулло Олимов ҷиҳати пажӯҳиши “Гуфтугӯи фарҳангҳо” нигоҳи мусбат дошта, зимни иштирок дар хонишҳои илмии Лихачёвӣ, ки 13-14-уми майи соли 2010 дар шаҳри Санкт- Петербург баргузор гардид, таҳқиқоте анҷом дода, диди амиқе бобати баррасии “фарҳанги ҷаҳонӣ” изҳор намудааст: “Лозим аст доманаи мафҳуми “фарҳанги ҷаҳонӣ” мушаххас шавад. Оё нишондиҳанда маҷмӯи фарҳангҳои мардуми ҷаҳон аст ё фарҳанги кишварҳои тавсеаёфта? Оё ин фарҳанг равобити байни давлатҳо ва ниҳодҳои ҷаҳонии фаромиллӣ аст, ки муҳтавои сиёсӣ доранду аз лиҳози мундариҷа бештар аз он маҳсуб мешаванд? Барои ҷилавгирӣ аз талаққии фарҳанги ҷаҳонӣ ба унвони аъҷубае (монстр), ки фарҳангҳои дигарро фуру хоҳад бурд, лозим аст усули ахлоқии тавсеаёфта тавассути талошҳои ҷаҳонии бештар ба унвони маъқулаи аслии ин фарҳанг таъин шавад”. Равандҳои мушобеҳ на танҳо дар фазои кушоди фарҳангӣ, балки дар меҳвари замон низ ба вуҷуд меояд. Махсусан, дар хотираи инсонҳо, бахусус дар хотираи таърихӣ бинобар ҷанбаҳои амиқ шаклгирии ҳувият ва ба унвони мисол зуҳури ҳувияти исломӣ бо дарназардошти азамати ислом дар футуҳот ва
Бергсон А. Творческая эволюция, - М.: Эксмо, 2018, - с. 13.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё