Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

пирӯзиҳояш дар аҳди муслимини садри ислом
мушоҳида мешавад. Дар кӯтоҳмуддат дар зеҳни
марди соҳибҳувият андешаи бозгашт ва
барқарории аҳди расул Муҳаммад ибн Абдуллоҳ
ва таҷдиди Хилофат дар кишварҳои
мусалмоннишин пайдо шуда, хотираи таърихии ӯ
эҳё мегардад, аммо инсони соҳибҳувият азбаски
бо гузаштаи фарҳангӣ тавассути кутубу рисолаҳо
ва минбарҳои таблиғи таърих ошност, хотираи
фарҳангии ӯ бинобар ивазшавии макони худ
лаҳзаҳоеро инъикос мекунад, ки ҳувияти ӯ маҳз
дар заминаи ҳамон давраи таърихӣ густариш
ёфтааст. Дар асл барқароршавии таърихи
сипаришуда танҳо дар зеҳн имконпазир мебошад
ва баргаштан ба замоне, ки аз нигоҳи
соҳибҳувияте давраи гулгулшукуфӣ аст, амалан
ғайриимкон буда, навъе аз беморист, ки
гирифторӣ инсонро барои татбиқи замони
гузашта дар имрӯз водор менамояд. Дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ айни замон кам
нестанд афроде, ки эҳёи хилофати исломиро орзу
мекунанд ва омодаанд дар ҳайати созмонҳои
тахрибкор шомил шаванд. Масеҳият, яҳудият ва
соири адён нуфузи худро дар муқобили ба
ҷаҳонишавӣ афзоиш додаанд, яъне ғолибан
инсонҳо зимни густариши ҳувиятшон тамоили
диниро бештар пазируфтаанд, чунки ҳувияти
фарҳангӣ аз тариқи ирҷоъ ба гузашта бинобар
ҳувияти сохташуда равиши ҷадидеро ба оянда тарвиҷ мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ