БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Ин натиҷа паҳлуи якҷонибаи масъала аст, аммо паҳлуи дигари масоилро бархурд ва баҳамоии тамаддунҳо ва фарҳангҳо дар бар мегиранд. Бо навъи дигари ҳунари суханварӣ ин хусусиятро метавон ҷаҳонсозӣ гуфт, ки муосирин онро раванди ҷаҳонишавӣ муаррифӣ мекунанд.
Инсон, ки дар муҳити русто ва шаҳр маскун мебошад, тибқи қонунҳои муҳит аз фарҳанг ва тамаддун бархурдор аст ва чун миллатҳое, ки аз фарҳангу тамаддунҳои миллӣ маҳрум мондаанд, ночор ба фарҳанграбоӣ муроҷиат мекунанд.
Агар муҳити шаҳру русторо муқоиса кунем, дер ё зуд дармеёбем, ки дар он фарҳанги ғолиб маҳз он фарҳанге маҳсуб мешавад, ки дар шаҳр густариш ёфтааст. Ё худ рустоии бофарҳанг ба шаҳр ворид шуда, баъзан ба баъзе вижагиҳои он бархурд мекунад. Пас ба ин масъала диққат диҳед, ки шаҳрҳои асримиёнагӣ макони синтезу баҳамоии фарҳангҳо ва гуфтугӯйи тамаддунҳо будаанд, яъне ҷаҳонишавӣ чун падидаи иҷтимоӣ баробар бо пайдоиши нахусттамаддуни башар зуҳур карда, бо мурури замон тақвият ёфтааст.
Ҳувияти фарҳангӣ тибқи баҳогузории муосир сатҳи олии шинохти вижагиҳои фарҳангӣ аст, ки бо номи шумо мавриди таҳқиқ ва пажӯҳиши илмӣ қарор мегирад. Бинобар ин, чун мо ба таҳлили муҳити шаҳрнишинӣ иқдом мекунем, хоҳ-нохоҳ он анъана ва хосиятҳои хоси фарҳанги ориёии мансуб ба гузаштагонамон пеши назар меоянд, ки на фақат барои мо, балки барои дигарон низ мояи фарҳангсолорӣ гардидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё