Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Бо истифода аз осори маънавӣ, бавижа Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ,37 Ибни Халдун,38 Аҳмади Дониш,39 Алии Шариатӣ40 ва доктор Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ41 мафҳуми “дунё”-ро аз дидгоҳи эътиқодӣ баррасӣ карда, манбаи аслии дунёбезориро дар раҳбоният дидан мумкин аст. Чунонки маълум аст, фарҳанг бидуни навсозӣ вуҷуд надорад, он ҳамеша ягонагии анъана ва навовариро дарбар мегирад.
Масалан, дар садсолаи ахир бинобар шомилшавии кишвари мо ба Иттиҳоди Шуравӣ густариши бисёрфарҳангӣ мушоҳида мешуд ва андешаи дӯстии халқҳо бо дарназардошти ормонҳои умумишуравӣ тақвият ёфта, сатҳи худогоҳии фарҳангӣ такомул пазируфт. Аммо дар ин садсола рӯхдодҳое низ буданд, ки миллатҳоро муттаҳид сохта, густариши ҳувияти чандфарҳангиро тақозо мекард. Дар ин ҷода нақши забон, театр, кино, меъморӣ, маориф ва иттилоот бағоят барҷаста арзёбӣ шуда, ҳар соҳа бо равиши хоси Шуравӣ такмил меёфт.
Махсусан, соҳаи маорифи Шуравӣ ҷиҳати маҳви

37 Мавлавӣ. Маснавии маънавӣ, - Теҳрон: “Нашри замон”, 2001, - 730 с.
38 Ибни Халдун. Муқадимма. Иборат аз ду ҷилд, ҷ. 1, - Душанбе:
Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2019, - 688 с.
39 Аҳмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ, Иборат аз ду китоб, - Душанбе:
2017. Аҳмади Дониш. Меъёр-ут-тадайюн, - Душанбе: “Эр-граф”, 2010.
40 Шариатӣ А. Сухане дар бораи китоб, суханронӣ дар рӯзи ифтитоҳи анҷумани китоб, - Теҳрон, 1356, 40 с.
41 Лоҳурӣ М. Эҳёи фикри динӣ дар ислом, - Душанбе: “Эр-граф”, 2010, - 270 с.

пешина
аз 303
навбатӣ