Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

камсаводӣ ва ташаккули шахсият аз низомҳои беҳтарини сатҳи ҷаҳонӣ дониста мешуд. Санъат ва ба вижа театру кино дар ҷаҳонбинии фарҳангии аҳолӣ нақши муайяне доштааст.
Махсусан, иштироки ҳамаи халқиятҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар омехташавии фарҳангҳо нақши бориз гузошт. Ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта тағйир ёфта, гироиши мардумон ба мазҳабҳои иртиҷоӣ тавассути гирдиҳамоиҳо оғоз гардид. Масалан, дар тазоҳуроти соли 1991 шиорҳои Инқилоби исломии Эрон садо медоданд ва майли тазоҳурчиён ба “шиаи исноашария” онҳоро водор мекард, ки аз андешаҳои сиёсии Оятуллоҳ Хумайнӣ пайравӣ кунанд. Далели ин гуфтаҳо шиорҳои зер мебошанд: Амрико, Амрико, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон. Мисоли дигар: Салли ало Муҳаммад, Бӯйи Хумайнӣ омад. Далоили мазкур гувоҳӣ медиҳанд, ки аъзои ҳизби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ду даҳсола пеш аз тазоҳуроти соли 1991 ҷиҳати ғасби қудрат омодагӣ дидаанд ва ҳануз дар Ҳизби Шуравии наҳзати исломӣ, ки дар Қазон ба фаъолият машғул буд, ҳадаф гузошта буданд, ки алайҳи низоми Шуроҳо аз зӯроварӣ ва тахрибкорӣ истифода хоҳанд кард. Бинобар ин, шиаи исноашария аз як тараф ва аз ҷониби дигар исломи сиёсии амрикоӣ барои бархе аз муслимини кишвар имкон фароҳам оварданд, ки аввал барои интиқоли Инқилоби исломии Эрон мусоидат кунанд ва баъдан, амалҳои террористиро ҷиҳати татбиқи исломи сиёсӣ роҳандозӣ кунанд.

пешина
аз 303
навбатӣ