БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Орзуи сангсор шудан ва бунёд намудани "ишқи марг"; 5. Фарсудапӯшии қаландарӣ ва худнамоии ботинӣ ва рафъи таваҷҷуҳи зоҳирӣ; 6. Инкори Иблис ва ҷустани ӯ дар даруни хеш; 7. Даъват ба куштани нафс, на маърифати он; 8. Муқобилгузории дунёву охират ва некию бадӣ.................
Дар тамаддунҳое, ки башар ба мерос гузоштааст, андешаҳои ғайридунявӣ бисёранд ва сабаби пайдо гардидани чунин пиндоштҳои ақлонӣ пеш аз ҳама ноадолатиҳои таърихӣ дониста мешавад. Дар ҳар садсолае аз миёни башар афроди соҳибандешае зуҳур карда, утопияҳои гуногуне эҷод намудаанд, ки дар онҳо ҷомеа бидуни шоҳу гадо тасвир ёфтааст. Сайри маънавӣ ҷиҳати дарёфти фарҳанги бартаридошта зимни ҷустуҷӯҳои гуногун ба мероси хаттии ҷаҳониён табдил ёфтааст, ки ин вижагиҳо бештар дар сафарномаҳои ирфонӣ баррасӣ шуданд.
Масалан, “Утопия”-и Томас Мор, ё худ “Хирадномаи Искандарӣ”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва амсолашон, аммо чунин сайри худраҳоӣ бо ормонҳои ҷустуҷӯи ҷомеаи орӣ аз ваҳшоният гурез аз ҷомеаест, ки ҳақиқати он муқовимат мебошад. Ин иқдомот бештар ба афроди донишпажӯҳ дахл карда, дунёро аз омилҳои пойбандӣ ва дар ғафлат қарор доштани одамон муаррифӣ кардаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё