БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Аз омилҳои таърихии ташаккул ва тақвият ёфтани ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир вижагиҳои бархурд ва баҳамоии аносири фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Масалан, бинобар қавли ҷомеашиноси муосири амрикоӣ Самюэл Ҳантингтон, агар асоси ҳувияти фарҳангии амрикоӣ “протестантизми бритонӣ” бошад, бегуфтугӯ пояҳои асосии ҳувияти фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии ориёӣ ва махлутшавии он бо андешаи исломӣ аст, ки алҳол дар анъана ва ҷашну маросими тоҷикон мушоҳида мешаванд.
Гузашта аз ин, тамаддуни ориёӣ (эронӣ), ки дар номгӯи А. Тойнби ҷиҳати баррасии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст, майли гуфтугӯ бо ғайр ва баҳамоии тамаддунҳоро инкор намекунад ва чунонки ҳаким Фирдавсии Тусӣ дар “Шоҳнома”, дар бахши “Достони дувоздаҳ рух” дар мисоли Пиррони Виса мутазаккир мешавад, ориёиҳо агарчи дар ғасби сарзаминҳои нав мушорикат доштанд, аммо суботи ҷомеаро авлотар шуморида, “баҳамоварӣ” – ро рукни ба ҳадаф мувофиқ медонистанд. Бинобар ин, афкори ориёӣ дар замони хилофати араб ва пасон низ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо