БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

ҳукумат мекард, агарчи араб бинобар кинварзӣ
ба ориёиҳо ҳамаи вижагиҳои фарҳангии онҳоро
аз номи худ матраҳ намуда, сохти давлатдории
мансуб ба ориёиҳоро бардурӯғ таҳриф
менамуданд. Мисоли ин гуна таҳрифсозиҳо
“никоҳи маҳорим” ва “умумӣ будани занон” дар
бовариҳои динии ориёҳост, аммо таърихи
ниёкони мо гувоҳ аст, ки онҳо маслакҳои
мухталифе эҷод кардаанд ва дар баробари
тавҳид, гурӯҳе аз онҳо ба бутпарастӣ дар марзи
Бохтари қадим машғул будаанд. Яъне, на фақат
таърих ва бостоншиносӣ, балки хусусиятҳои
фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад,
ки новобаста ба таҳмилшавии ислом феълан
анъанаҳои гуногуне ва мансуб ба фарҳангҳои
мухталиф мавҷуданд ва агар онҳоро қудрати
исломӣ дар таърихи 1400 – солаи худ маҳв
накардааст, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки раванди
ҷаҳонишавӣ ғалабаи ҳувияти амрикоиро бар
соири ҳувиятҳо таъмин намудааст? Лекин ҷомеаи
Тоҷикистон дар замони муосир ба таҳмили
афкори зиддимиллӣ дучор гардида, пояҳои
асосии фарҳанги миллӣ дигаргуна баррасӣ
мешаванд. Масалан, чун ҳукумати Тоҷикистон
иқдом намуд, ки озмуне ҷиҳати баррасии китоби
академик Бобоҷон Ғафуров бо унвони “Тоҷикон”
роҳандозӣ хоҳад кард, ҳатман дар васоити
ахбори коммуникатсионӣ аз забони олимони
Ғарб ин андешаи номақбуле расонаӣ шуд, ки ниёкони мо ҷиҳати ҷалби сайёҳӣ ва тиҷорат ба бутсозӣ машғул мегардидаанд, дар ҳоле ки омили асосии интишори ин ақида, ки бо таърих моҷаро дорад, аслан бартараф сохтани таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар ба китоби “Тоҷикон” аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо