БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Лозим ба ёдоварист, ки вижагиҳои фарҳанги ориёӣ дар зиндагии рӯзмарраи тоҷикони муосир маҳфуз мондаанд ва тавассути онҳо умр ба сар мебаранд. Масалан, ҳунари гулдӯзӣ дар шаклу рақам ва дар тасвири худ тафаккури ориёиро баён дошта, ғолибан муҳтавои мобаъдуттабиӣ доранд. Гузашта аз ин, дар баъзе манотиқи кишвар рангҳое мисли сафеду сурх то кунун дар пӯшишҳои миллӣ нақшандозӣ мегарданд, ки бори дигар иртиботи имрӯзиёнро бо фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ муаррифӣ мекунад, чунки ақвоми ориёӣ рангҳои мазкурро мунтахаб медонистанд. Дигар аз аносири фарҳанги замони ҷаҳонишавӣ бештар татбиқшавии андешаҳои утопиявӣ аст, ки чунин иқдоми башар таърихи дуру дароз дошта, вазъи нави ҷомеаро қудрат дорад баррасӣ кунад. О. Шпенглер нишон медиҳад, ки навъҳои шахсият ва навъҳои фарҳанг ба ҳамдигар вобастаанд. Ҳар як фарҳанг афсонаҳои худро дар бораи худ эҷод мекунад ва хусусияти вобаста ба давра, мавҷудият ё набудани буҳрон ва ғайра, ки дар фарҳангҳои гуногун вуҷуд доранд, падидаҳои табиатро шарҳ медиҳанд. Кумак ба бунёди муносибатҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, кумак ба зинда мондан навъе аз вижагиҳои фарҳангист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо