БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Яке аз омилҳои рӯоварӣ ба фарҳангҳои тавсеаёфта ҳамин заъф ва дар ҳоли инҳитот қарор доштани фарҳангҳои миллӣ мебошанд. Чун инсон дар фарҳанги хеш, ки ба он бештар дин, забон ва ҳунар бо тафаккури асил дохил мешаванд, ормонҳои дарунии худро амалан татбиқ сохта наметавонад, бегуфтугӯ ба фарҳанги бегона муроҷиат мекунад, вале дар фарҳанг ду вожаро мудовим мутазаккир мешаванд: меросбар ва иҷрогар. Барои баррасии онҳо ҳунари мақомҳоро ба ҳайси мисол меорем, ки дар он меросбар ҳамонҳое муаррифӣ мешаванд, ки дар гузашта ин ҳунарро эҷод намудаанд, аммо яҳудиёни минтақа зимни иҷрои “Шашмақом” ҳунари олӣ нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин, онҳо фақат иҷрокунанда мебошанд.
Бо ҳамин монанд, ҳунари ҷоз дар фарҳанги Ғарб аст, ки меросбари он аврупоӣ мебошад, аммо миллатҳои ғайри аврупоӣ дар муносибат ба он иҷрогар ҳастанд, яъне ҳунарро меросбар дарк мекунад, на иҷрогар, чунки иҷрогар дар ин маврид фақат муқаллид аст ва фикр мекунад, ки бо иҷрои ҳунаре мансуб ба Ғарб метавонад дар назари дигарон мутамаддин бошад, аммо чунин андеша иҷрогарро фарсахҳо аз тамаддун дур мепартояд, чунки андеша дар чунин шакл бо табиати инсони худогоҳ созгор нест ва истиқлол дар тафаккур мушоҳида намешавад. Дар ин маврид ҷоиз ба тазаккур аст, ки андешаи яке аз назарияпардозони фароиндустриалӣ Збигнев Бжезинскийро мисол орем, ки номбурда омили васеъ паҳншавии фарҳанги Амрикоро аз ғалабаи ӯ бар соири фарҳангҳо донистааст: “Бартарии фарҳангӣ як ҷанбаи дастикам гирифташуда аз қудрати ҷаҳонии Амрикост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо