БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Фарҳанги оммаи амрикоӣ бо дарназардошти арзишҳои зебошинохтӣ кашиши магнитиро, ба вижа барои ҷавонон дар саросари ҷаҳон мунташир мекунад.
Ҷазбияти ҷаҳонии фарҳанги амрикоӣ ғайри қобили инкор аст ва барномаҳову филмҳои телвизионии амрикоӣ тақрибан се-чаҳоруми бозори ҷаҳониро ба хеш ихтисос додаанд.
Саргармиҳои амрикоӣ чун мусиқӣ, одоти ғизохӯрӣ ва ҳатто либоспӯшӣ дар сартосари ҷаҳон тақлид мешаванд”. Ин иқтибос бештар ба даъват монанд аст ва ба таҳқиқ иртибот надорад, чунки маводи ғолиб дар фарҳанг вуҷуд надорад ва ҳар кӣ вижагиҳои фарҳангиро чун хусусияти фарҳанги ғолиб баррасӣ мекунад, бештар ҷанбаҳои таблиғиро адо хоҳад кард. Бинобар ин, ҳангоми пажӯҳиши илмӣ бархурди фарҳангҳо мушоҳида мешаванд, агарчи баъзан тақлид аз аносири бефарҳангӣ муаррифӣ мешавад. Аммо аҷиб дар пажӯҳиши Бжезинский Осиёи Марказӣ ва майли геополитикаи қудратҳои ҷаҳонӣ ба он мебошад. Гузашта аз ин, мавсуф аз панҷ кишваре, ки дар минтақа ҳузур доранд, чаҳор давлатро туркзабон муаррифӣ карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иртибот бо Афғонистон мавриди таҳлил қарор додааст: “Дар Осиёи Марказӣ авомили дохилӣ нақши муҳимтаре дар эҷоди бесуботӣ бозидаанд, чунки аз нигоҳи фарҳангӣ ва забонӣ чаҳор кишвари тозаистиқлолёфтаи минтақа туркзабон маҳсуб мешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо