Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

Агар саҳеҳтар баён созем, омезиши фарҳангҳо оқибат фарҳангҳое ва тамаддунҳоеро тавлид мекунад, ки аз лиҳози муҳтаво онҳо фарогир аз мардумони қитъае мебошанд ва наздикшавии миллатҳо дар асри ҳозир далели он аст.
Боби I. Асосҳои назариявӣ ва методологии таҳқиқи ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир 1.1 Вижагиҳои ҳувияти фарҳангии ҷомеаҳои муосир дар илмҳои ҷомеашиносӣ Яке аз мафҳумҳои муҳиме, ки бояд руйи он таваҷҷуҳи илмии лозим сурат гирад, мафҳуми ҲУВИЯТ (identity) аст. Ҳувият мафҳуми решаии ҳамаи мабоҳиси иҷтимоӣ мебошад, ки дар сурати равшан нашудани он, ҳамаи ин мабоҳис дучори тирагӣ ва ибҳом хоҳад шуд ва гуфтугӯи илмӣ дар робита бо онҳо мушкил мегардад. Чунончӣ зарурат дорад пиромуни ҳар баҳсе ибтидо мафоҳими он равшан таъриф шавад ва масоили мухталифи онҳо баён гардад. Бар ин асос дар ин сатрҳо чанд нукта дар робита бо ҳувият матраҳ хоҳад шуд. Вожаи “ҳувият” (identitu) реша дар забони лотин дорад ва аз Identas, ки аз IDEM, яъне “монанд ва яксон” реша мегирад. Ин вожа дар як маъно ба вижагии яктоӣ ва фардият, яъне тафовутҳои асосие, ки як шахсро аз ҳамаи касони дигар ба воситаи ҳувияти “худаш” мутамоиз мекунад, ишора дорад ва дар маънои дигар ба вижагии ҳамсонӣ, ки дар он ашхос метавонанд ба ҳам пайваста бошанд ва ё аз тариқи гурӯҳ ё мақулот бар асоси сувари муштараки барҷастае назири вижагиҳои қавмӣ ва ғайра ба дигарон пайванданд, далолат дорад. Дар фарҳанги Муъин омадааст: “Ҳувият, ҳақиқати шайъ ё шахсе, ки муштамил бар сифоти ҷавҳарӣ бошад, яъне он чӣ ки муҷиби шиносоии шахс бошад”42.

пешина
аз 303
навбатӣ