БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

аммо ба унвони идғоми сиёсӣ ва асли шаҳрвандӣ нуфуз кардааст. Мушкили Чин дар гузариш аз ҳувияти фарҳангӣ ба ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад, мушкили русҳо тасодум байни гироишҳои авруосиёӣ (славянӣ) ва ғарбзадагӣ мебошад, аммо мушкили ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳёи фарҳанги миллӣ бо дарназардошти ғолибияти ангезаҳои динӣ маҳсуб мешавад. Инсоншиноси тоҷик Маҳмадалӣ Музаффарӣ бамаврид қайд кардааст:
“Ба қавли Зартушт, сарнавишти ҳар фарде дар дастони ӯст, зеро дар ниҳоят чизе ҷуз маҷмӯаи пиндор, гуфтор ва кирдори солеҳ нест. Танҳо натиҷаи муштараки се мазҳари номбурда метавонад масири чархи сарнавишти инсонро тағйир диҳад”164. Ин ҷо мо ба муҷиби набудани саҳеҳият дар манобеъ маънаван гуфта наметавонем, ки Зартушт поягузори асли фалсафаест, ки алҳол ба он илми муосир такя мекунад, вале муроҷиат ба тафаккури ӯ уламои Ғарбро дарки саҳеҳтари ҷамъиятӣ ато намудааст.
Алорағми ҷаҳонбинии муосири илми ватанӣ дар таълимоти ориёӣ тафаккури дунявӣ баррасӣ шуда, масъалаҳои гуногуне дар пояи идроку такомули инфиродӣ пажӯҳиш ёфтаанд.
Ба ибораи дигар, чун мо ба якдигар бештар андарзҳо мегӯем ва суҳбатҳоямон вижагиҳои пандомез доранд, бешубҳа ин омил аз нуқсони
Музаффари М. Системная антропология, - с. 89.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо