Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

маънавӣ дар тафаккури мо гувоҳӣ медиҳад ва
новобаста аз ин ки меросбари фарҳангу
тамаддуни ҷаҳонӣ ҳастем, андарзгӯйӣ ва
суханбозиҳои бемавриде, ки алҳол дар пӯшиши
назм интишор мекунем, нишона аз мушкили
маънавии мост. Зимни баррасии фалсафаи ориёӣ
мавсуф ҷаҳонбинии мушахассеро таҳлил карда,
ҷиҳати тафовути неку бад ба чунин хулосаи амиқ
омадааст: “То замоне, ки инсон дар ҷисми
биологии худ маҳдуд аст, ҳисси “Ман”-и худӣ
ҳамеша бо ӯст”. Номбурда бо таваҷҷуҳ ба
манобеъи ориёӣ, ки “Қонуни Мануҳ” мебошад,
асли афкори басе интишоршударо бо номи
ориёиҳои аҳди бостон таҳқиқ намуда, зимни
баррасии он баъзе бардоштҳоро мутазаккир
шудааст. Масалан, тафаккуре, ки дар қонуни
мавҷуд зикр ёфтааст: “Ҳама чиз, ки дар натиҷаи
иродаи шахси дигаранд, бадӣ ва ҳар чиз, ки аз
иродаи худи шахс аст, некист”. Аз ин фалсафа, ки
ба ориёҳо мансуб мебошад, донишманди
муосири тоҷик натиҷагирӣ карда, онро дуруст
арзёбӣ мекунад, чунки инсон фақат бо тафаккур
ва фаҳмишҳои хоси хеш метавонад нақши
инфиродии босазое дошта бошад. Агар фикр дар
фард таҳмил гардад, пас маълум мегардад, ки
инсон маънаван мавҷуд набуда, ҷисман
инъикоскунандаи афкор ва ҳадафҳои шахси
бегона аст. Чун инсон ба ҳайси мавҷуди биологӣ
дар асорати маънавии бегона ва аҷнабӣ қарор дорад, дар ҳеҷ сурат ӯро инсон пазируфтан нашояд ва яке аз омилҳои бартарӣ пайдо кардани тафаккури ориёӣ бар ақидаи сомӣ баррасии воқебинонаи масоили марбут ба ҷаҳонбинии дунявии ниёкони мо, тоҷикон аст, ки чандин маротиб аз ҷониби ғосибони марзбуми аҷдодӣ сӯзонида шудаанд.

пешина
аз 303
навбатӣ