Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

тавсифӣ ё таҳлилӣ дар нигоришҳои илмӣ ҷиҳати
ноҳамгунии фарҳангии ҷомеа аст. Қаринаи
савум ба омилҳои иҷтимоӣ ва фалсафаи сиёсат
тадохул дошта, масоили низомҳои сиёсӣ ва
иҷтимоиро дарбар мегирад168. Айни замон дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи чандфарҳангӣ
бидуни дахлварзиҳои сиёсӣ ва дар таҷрибаи
гузашта ва имрӯз мушоҳида мешавад, ки дар
боло аз дугунагии он мутазаккир шудем, аммо
фарҳанги ғолиб дар муҳити иҷтимоӣ ҳамон
фарҳанги миллӣ аст, ки бинобар эҳёшавии он
дар чаҳорчуби танзим ва тадвини муосир қарор
дорад. Бинобар таҳқиқи Ҳантингтон,
мавқеиятҳои шадиди иҷтимоӣ қодиранд, ки
ҳувиятро аз байн бибаранд ё онро ба шиддат
тағйир диҳанд. Баҳогузории зайл авзои
иҷтимоии кишварро дар солҳои 90-уми садаи
XX ба хотир меорад, чунки ҳаводиси он солҳо
то андозае ногувор буданд, ки азбайнравии на
танҳо ҳувият, балки миллату давлатро ба вуҷуд
оварда, каме нофаҳмӣ имкон дошт, ки
Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати мустақил
аз харитаи сиёсии ҷаҳон ҳазф кунад, аммо
тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати
бозоварии фирориҳо ва сулҳ хостан бо
мухолифин имкон фароҳам овард, ки
Тоҷикистон масъалаи ҳастиву нестии хешро

Тернборн Г. Мультикультуральние общества, - 2001, - №1, с. 50-67.

пешина
аз 303
навбатӣ