Зеҳн
БУҲРОНИ ҲУВИЯТ

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 303 саҳифа

Фарҳанг
Аз аввал хондан

бартараф намояд. Заъфи ҳувияти фарҳангӣ инҳитоти давлатӣ аст ва агар ҳувиятҳо дар буҳрон қарор дошта, ба нестӣ мубтало шаванд, давлатҳо низ аз байн мераванд, чунки аз авомили рушди кишварҳо тақвият ёфтани ҳувият аст, ки дар миқёси ҳамон давлат шакл гирифтааст.
Дар замони муосир нуфузи шабакаҳои иртиботӣ дар ҳамаи ҷомеаҳо ба назар мерасад.
Беҳуда муосириятро “ҷомеаи иттилоотӣ” нагуфтаанд. Зуҳуру интишори Интернет дар дигаргуниҳои (трансформатсия) фарҳангӣ ва инфиродӣ хеле чашмрас аст. Ҳатто бархурдҳои геосиёсӣ ва омезиши фарҳангҳою тамаддунҳо бидуни он тасаввурнопазир мебошанд. Аммо метавон чунин иртиботи маҷозиро фарҳанг пиндошт? Бештарини муҳаққиқин онро чун “фарҳанги маҷозӣ” баррасӣ намудаанд. Яке аз машҳуртарин таҳқиқгари чунин фарҳанг ҷомеашиноси марксизми навзуҳуркарда Мануэл Кастелс мебошад, ки ба унвони “Асри иттилоот” рисолае нигошта, он ҷо ғайр аз иқтисоду ҷомеаи шаҳрвандӣ, боз ҷиҳати фарҳанги маҷозӣ пажӯҳиш намудааст. Ба қавли мавсуф, агар иттилооти иртиботиро ба унвони фарҳанг баррасӣ мекунем, аммо дар асли воқеа монанд ба фарҳанг, лек зудгузар аст: “Пас ин рӯҳи иттилоотгарӣ чист? Албатта фарҳанги ҷадиде ба маънои арзишҳои суннатӣ нест, зеро теъдоди бозигарони шабака ва ихтилофи муҳтавои онҳо чунин чизеро ба унвони шабакаҳои воҳиди иртиботӣ рад мекунад.

пешина
аз 303
навбатӣ